Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 35-сола бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, санаи 22-юми январи соли 2025, тахминан соати 18:00 аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо хамсараш зани 35-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанчол намуда, бо корд  як маротиба ба қисмати пушташ зарба зада таҳдиди куштан намудааст. 
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз  карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.01.2025 8:52
10