Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии гурӯҳи кории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ВКД Федератсияи Россия 

Рӯзи 23 январи соли 2025 дар шаҳри Москва вохӯрии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бо сардорони  раёсатҳои Дастгоҳи марказии ВКД Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, полковники милитсия Акбарзода Манучеҳр - муовини сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Муродзода Ромиз - ваколатдори калон оид ба супоришҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Рустамзода Суҳроб - сардори шуъбачаи Маркази мубориза бар зидди экстремизми РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва подполковники милитсия Маҳмудов Муҳиддинҷон - ваколатдори калон оид ба супоришҳои махсусан муҳими РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин шахсони дар кофтуков қарор дошта мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, иштирокчиён сатҳи ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мусбат арзёбӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи онро муайян намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия

24.01.2025 7:53
129