Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 64-солаи сокини ноҳияи Данғара муроҷиат намудааст, ки  7-уми ноябри соли 2017, марди 55-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 299 ҳазору 200 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 85-метри мураббаъ аз ошёнаи 2-юми бинои дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе воқеъ буда, гирифта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст. 
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 1-уми июли соли 2024, марди 38-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри 6»-ро ба маблағи 22 ҳазор доллари амрикоӣ наргузорӣ карда гирифта, 10 ҳазор доллари амрикоиро дода боқимонда маблағро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 64-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи феврали соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад  автомашинаи тамғаи “Лексус СХ470”, ки арзишаш 240 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, автомашинаро фурӯхта маблағашро бар мегардонад, аммо гумонбаршаванда автомашинаро фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

23.01.2025 8:42
27