Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани азонихудкунии маблағ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз моҳи феврали соли 2023, дар ҶДММ “Озода Косметикс” ба ҳайси намояндаи тиҷоратии бахши чакана кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияи кориаш исрофкорӣ, хунукназарӣ ва ба азонихудкунии маблағҳо роҳ дода, аз якчанд нуқтаҳои савдо пули нақд гирифта ба хазинаи ширкати ҶДММ “Озода Косметикс” насупорида, онҳоро азони худ намудааст.
Гумонбаршаванда, бо ин кирдораш ба ширкати мазкур 36 ҳазору 470 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

23.01.2025 8:38
29