Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Собиқадорон - тарбиятгари насли ҷавонанд

Созмони собиқадорони ВКД тарбиятгари насли ҷавони милитсия буда, саҳми назарраси худро барои сайқал додани донишу малака ва дигар истеъдодҳои кормандони милитсия мегузоранд. Ҳамин аст, ки имрӯз фаъолияти босамари он дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД хуб ба роҳ монда шудааст. Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар қатори дигар кормандони милитсия барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пос доштани сулҳу субот нақши бориз мегузоранд, - зикр карда шуд дар ҷаласаи солонаи Созмони собиқадорон, ки дар маҷлисгоҳи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, ки бо иштироки раисони шуроҳои собиқадорон баргузор гардид.
Нахуст, раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм вобаста ба ҷамъбасти соли 2024 сухан ронда, аз нақш ва мақоми шуроҳои собиқадорон изҳори қаноатмандӣ намуда, илова кард, ки моро зарур аст, ки дар навбати худ, баҳри боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти шуроҳои собиқадорон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар тамоми имкониятҳоро равона созем. 
Ҳамзамон, баромадкунанда илова кард, ки таҷрибаи бойи собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани руҳияи ифтихори миллӣ, Ватандӯстиву Ватанпарварӣ, садоқат ба Ватан ва Савганди хизматӣ хеле назаррас мебошад. Имрӯз Созмони собиқадорон як ҷузъи муҳимми ВКД ба шумор рафта, ҳар як собиқадори ин ниҳод насли ояндаи милитсияро ба хониши аъло, ҷасурӣ, содиқ будан ба халқу Ватан ва Савганд ҳидоят намуда, баҳри мустаҳкам намудани тартибот, интизом ва риояи қонуният дар байни ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони ҷавон талош меварзанд.
Ҳамчунин, мавсуф доир ба пешрафту фаъолияти Созмони собиқадорони ВКД дар даҳсолаи охир дар фаъолияти корӣ бештар фаъол гардонида, раисони шуроҳо бо ҳуҷра корӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуданд. Фаъолият ва низоми шуроҳои Созмони собиқадорон дар марказу шуъбаҳои он зери ғамхории роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ва сардорони раёсат ва ҷузъу томҳо қарор дорад. Кормандони мақомот, хусусан ҷавонон имрӯз имконият доранд, ҳарчи хубтар ва бештар аз ин таҷрибаи собиқадорон воқиф бошанд. Ҳамкорӣ ва робитаи наздик доштан ба собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ба кори нозирони минтақавӣ низ метавонад таъсири мусбат расонад. Яъне, ба таври дигар, нозирони минтақавӣ аз ҷумла кормандони ҷавони милитсия барои самаранок гардидани фаъолияти кориашон аз таҷрибаи солҳо андӯхтаи кормандони кӯҳансол, хусусан собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ истифода баранд.
Генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷӯрахонзода илова кард, ки Созмони собиқадорони ВКД бо аъзоаш дар раёсатҳо ва шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ 321 маротиба дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрию баромадҳо доир намуданд. Ҳамзамон, собиқадорони милитсия 40 маротиба дар барномаҳои радиои ва телевизионӣ иштирок карданд, ки ин ҳам бошад, барои боло бурдани нақши собиқадорон аз манфиат холӣ нест.
Давоми соли 2024 ба хотири гиромидошт ва хотираи неки собиқ генералҳо ва дигар кормандоне, ки дар фаъолияти кориашон дар мақомоти корҳои дохилӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд, ки дар қайди ҳаёт нестанд, аз ҷумла ёдбуди собиқ Вазири корҳои дохилӣ шодравон Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович, генерал-майори хизмати дохилӣ Дадаҷонов Ислом Ҳусейнович генерал-майори милитсия Салим Шералӣ Фозил ва генерал-майори милитсия Темурҷон Раҳимҷонов баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин ҷаласа гуфта шуд, ки моҳи сентябри соли 2024 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Спитамен тибқи дархости собиқадорони РВКД дар вилояти Суғд ва вакилони маҷлиси халқии ноҳияи Спитамен ба номи ходими намоёни давлати Акбаралӣ Умаров, собиқ муовини Вазири корҳои дохилӣ номгузорӣ қабул гардид.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоии собиқадорон, нафақахӯрон, маъюбон ва дигар гурӯҳи нафақахӯрон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД ва Созмони собиқадорон қарор доранд.
Ҳамчунин, ҳисоботи раисони шуроҳои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, РВКД дар вилояти Хатлон ва РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт шунида шуд. 
Ҳамзамон, барои боз ҳам ҷоннок намудани кори шуроҳо аз тарафи раиси Созмони собиқадорон барои ҳамкории зичи собиқадорон бо кормандони милитсия, инчунин баҳри саҳм гузоштан дар тарбияи онҳо ва аёдати собиқадорони барҷомонда дастурҳои иловагӣ дода шуд.
Дар ҷараёни ин ҷаласа муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Сафаралӣ Довудзода доир ба нақши собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар ташаккули малакаву дониш ва пешрафти онҳо маърӯза намуда, зикр сохт, ки роҳбарияти ВКД ҳамеша чеҳраҳои шинохтаи мақомот ва кормандони собиқадорро қадр намуда, аз онҳо сипос менамоянд. Дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун ному пайкори ин родмардонро ёдрас шуда, корнамоию хизматҳояшонро ҳамеша қадр менамоянд. Хизматҳои онҳо ҳамеша дар пешрафти тамоми самтҳои кории милитсия, аз ҷумла таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ғайра хеле зиёд буд, ҳаст ва мемонад.
Мавсуф дар идомаи баромадаш илова кард, ки аз ҷониби роҳбарияти ВКД ба хотири пос доштани хотираи неки онҳо маҳфилу чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад. Дар соли 2024 хотираи неки чунин шахсиятҳои хизматнишондода бо тариқи конфренсияҳо, маҳфилҳо ва чорабиниҳои ёдбудӣ дар миқиёси ҷумҳурӣ ва вилоятҳо гузаронида шуданд. Бо итминон метавон гуфт, ки таърихи бунёди Созмони собиқадорони ВКД ҷолибу рангин аст. Зеро дар ташакули он шахсиятҳои арзанда, ки барои Ватан хизмати шоёну содиқона кардаанд, саҳмгузоранд. Наслҳои имрӯза ва қаҳрамониву далерӣ ва корнамоиҳои онҳо ифтихор доранду пайраву давомдиҳандаи кори некӯи онҳоянд.
Дар охир подполковники милитсия Сафаралӣ Довудзода, илова кард, ки ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд беҳтарин анъанаҳои наслҳои пешини худро идома дода, барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯву эътибор ва нуфузи собиқадорону кормандони милитсия тоҷик саҳмгузорӣ намоянд. Барои амалӣ гаштани чунин аъмоли нек роҳбарияти ВКД, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ва Созмони собиқадорони он тамоми чораҳоро меандешанд. 
Дар рафти ин ҷаласа нақшаҳо барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти шуроҳо аз тарафи аъзои он таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Дар охир барои собиқадорон аз тарафи роҳбарияти ВКД, СХДО ва Созмони собиқадорони ВКД медалу Ифтихорнома ва Сипономаҳо тақдим карда шуд. 
Тоҷиддин ЛАТИПОВ 

22.01.2025 16:41
55