Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаи нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон

21-уми январи соли 2025, тахминан соати 06:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Марк”, Бобоев Тоҳир Собирҷонович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба қисми қафои  автомашинаи тамғаи “Шакман”, таҳти идораи Ҳусайнов Тиллоҳуҷа Муҳтоҷович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бархурдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота-Марк”, Назаров Табаралӣ Абдулҳамидович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Хуросон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

22.01.2025 16:34
34