Боздошт гардидани зани 37-сола бо ҷурми дуздии маҳсулот
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми январи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо маҳсулоти рӯзгорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда, 38 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷа гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.