Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳолати мастӣ бо корд захмӣ намудани бародар

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 19-уми январи соли 2025, тахминан соати 23:40-дақиқа, аз ҳиссиёти авбошӣ бо бародараш марди 27-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша намуда, якдигарро лату кӯб карда, дар рафти муноқиша гумонбаршаванда, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт бо корд 3 маротиба ба узвҳои бадани бародараш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

22.01.2025 16:30
32