Ба ҳалокат расидани ду нафар дар натиҷаи бархурди “Хундай Аванте” бо дучарха
19-уми январи соли 2025, тахминан соати 17:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Аванте”, Қарчиева Саёҳат Шодмоновна, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ҳамадонӣ ба самти ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба дучарха (мототсикл) таҳти идораи Аюбов Маҳмадисо Ғуломович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи дучарха Аюбов М.Ғ, ва мусофири дар пушти дучархаи мазкур буда Қурбонов Бобохон Корчаевич, соли таваллудаш 1971, сокини ҳамон ҷо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.