Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 12-уми октябри соли 2019, марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада 787 ҳазору 516-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 162,71 метри мураббаъ аз ошёнаи 2-юм, воқеъ дар кӯчаи Каленини ноҳияи Сино медиҳад, аммо то ҳол фиреб дода гаштааст. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини   шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, аз авалҳои соли 2018 то моҳи декабри соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи Варзоб даромада, дар чанд марҳила аз ӯ 243 ҳазору 600-доллари амрикоиро бо мақсади рушди соҳаи соҳибкориаш гирифта, ваъда додааст, ки маблағи мазкурро дар мудати кутоҳ бармегардонад, аммо у ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати  шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

21.01.2025 8:49
31