Боздошт гардидани мард ва зан бо ҷурми азонихудкунӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар ҶДММ “Камола тиҷорат” аз санаи 23-юми майи соли 2023, ба ҳайси намояндаи тиҷорати кору фаъолият намуда, дар давраи нимаи дуюми моҳи апрел то моҳи сетябри соли 2024, ба боварии роҳбарият ва шахсони масъули ин ҷамъият даромада, бо суистифода аз боварӣ ба азонхудкунии молу мулки ба ӯ бовар карда, супорида шудааст даст задааст.
Чунончӣ дар давраи мазкур гумонбаршаванда, маҳсулотҳои хӯрока аз қабили қаҳваи навъи “Жокей” ва “Жардин”-ро ба соҳибкорони дархосткунанда дастрас накарда, дар бозори Фаровон яклухт ба фуруш бароварда, маблағҳои ба даст овардашударо ба манфиати шахсиаш истифода намуда, ба ЧДММ “Камолот тиҷорат”, ба маблағи 107 ҳазору 919-сонмонӣ зарари молӣ расонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи роҳбари ҶДММ «Реал-Трейдинг», нисбати зани 29-солаи сокини шаҳри Гулистон ворид гардидааст, ки гумонбаршаванда аз 1-уми ноябри соли 2023 то 31-уми июни соли 2024, дар ҶДММ «Реал Трейдинг», ба ҳайси намояндаи тиҷорати фаъолият намуда, маҳсулотҳои қаннодие, ки аз ҷониби ширкат барои ба фуруш супорида шудааст, қабул намуда, ба мағозаҳои «Ирам Қайроқум», “Табассум”, “Дурахшон-Қайроқум”, “Ворис”, “Амир” ва ғайра супорида, маблағи онҳоро азонихуд намуда ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Гумонбаршаванда, бо ин кирдори худ ба ҶДММ «Реал Трейдинг», 37 ҳазору 633 сомониву 79-дирам зарари модди расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.