Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати дуздии маблағ

Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ аризаи марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 25 ҳазору 800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Панҷ содир намудааст. 
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, санаи 10-уми январи соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, ҳангоми дар шаҳри Душанбе дар дохили таҳоратхонаи масҷиди “Имоми Ал-Бухорӣ” қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷейби курткаи марди 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 10 ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

21.01.2025 8:36
10