Даст ба авбошӣ задани хонанда дар дохили муасисаи таълимӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, санаи 11-уми январи соли 2025, тахминан соати 12:15-дақиқа, дар бинои МТМУ №31 шаҳри Хуҷанд якҷоя бо ҳамсинфаш “Абдураҳмон” ва хонандагони дигар синфи мактаби мазкур ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров миёни ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намуда, гумонбаршаванда бо як адад корд мусаллаҳ шуда, ба воситаи он нисбати ҷабрдида зӯроварӣ нишон дода, як зарба ба узви баданаш задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.