Аз ҳаёт маҳрум намудани собиқ ҳамсар бинобар сабаби муноқишаҳои оилавӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, санаи 20-уми январи соли 2025, тахминан соати 08:00 дар хонаи истиқоматиаш бинобар сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ бо собиқ ҳамсараш зани 38-солаи сокини ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ва қайчии хоҷадигори 40-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.