Рух додани се ҳодисаи нақлиётии марговар
17-уми январи соли 2025, тахминан соати 19:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Волво» Абдуллоев Сунатулло Содиқҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Спитамен дар деҳаи Куруши ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Вафоев Адҳамҷон Абдуллоҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Спитаменро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Вафоев А.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
17-уми январи соли 2025, тахминан соати 17:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Фозилов Абдулҳафиз Абдулазизович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат намуданаш дар роҳи мошингарди деҳаи Қаратоғ дучархарони ноболиғ Асатуллозода Фарзин, соли таваллудаш 2017, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ Асатуллозода Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
18-уми январи соли 2025, тахминан соати 21:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Хаидов Диёрбек Исмоилович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ ба симчӯби барқӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Маъмуров Шоҳчаҳон Шералиевич, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ронанда Хаидов Д. ва мусофири дигари автомашинаи мазкур Рустамов Меҳроч Мухторович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.