Даст ба қаллобӣ задани марди 41-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 10-уми январи соли 2024, ҳангоми дар ҳудуди шаҳри Истаравшан қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи «Хонда СРВ»-ро ба маблағи 329 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.