Боздошт гардидани зани 37-сола бо ҷурми азонихудкунӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар ҶСК “Корхонаи истеҳсолии маҳсулоти қаннодии Ширин” кор ва фаъолият карда, маблағи 112 ҳазору 986-сомонӣ маҳсулотҳои қаннодии дар ихтиёраш бударо азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.