Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани ҷинояти тамаъҷӯӣ аз ҷониби якчанд нафар

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонони 23, 24 ва марди 34-солаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ, 25-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 11:00 дар нуқтаи фурӯши сузишвории «Сеганҷ», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ қарор дошта, бо маслиҳати пешакӣ, марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обурдони ноҳияи мазкурро бо роҳи зӯроварӣ ба автомашина савор карда, ба канали 2-юми ҷамоати деҳоти Обурдони ноҳияи Мастчоҳ бурда, бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдид, ки гӯё бо зани шавҳардошта ба воситаи телефон гуфтугӯ мекунад, аз ӯ бо роҳи тамаъҷӯӣ 50 ҳазор сомонӣ талаб мекунанд.
Ҷабрдида ба гумонбаршавандагон 30 ҳазор сомонӣ ёфта медиҳад, ки ҳаммаслакон байни худ тақсим карда, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

20.01.2025 8:33
20