Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди тамаъҷӯ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷуӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, бо истифода аз шабакаи интернетии “Инстаграм” тавасути саҳифаи “abdjonakhmedov” бо зани 44-солаи сокини шаҳри Бохтар бо аккаунти “harieyqueen-111” шиносоӣ пайдо намуда, бо ӯ суҳбатҳои маҳрамона карда, оиладор будани ҷабрдидаро фаҳмида, бо роҳи иръоб (шантаж) барои паҳн накардани суҳбатҳои маҳрамонаи онҳо ба шавҳараш, 30-юми ноябри соли 2024 ва 2-юми декабри соли 2024 дар 2 маврид тавассути ҳамёни электронии Душанбе Сити аз ӯ маблағи ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.01.2025 8:49
12