Даст ба қаллобӣ задани марди 49-сола
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2020, ҳангоми дар кӯчаи Бухоро қарор доштанаш марди 49-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи “ТАЙОТА КАРОЛЛА” ва 2-адад автомашинаи тамғаи “ВОЛКСВАГЕН ПОЛО”-ро ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 3 моҳ пардохт мекунад, аммо номбурда автомашинаҳоро фурӯхта 335 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 165 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.