Ошкор гардидани азонихудкунӣ дар ҳаҷми зиёда аз 157 ҳазор сомонӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҷойи кораш таъминотчии нуқтаи ҶДММ «Нури Сафар» воқеъ дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мстчоҳ бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз 1-уми январи соли 2019 то моҳи марти 2024, дар вазифаи мазкур кору фаъолият намуда, аз моҳи август то моҳи апрели соли 2024, аз ҶДММ-и мазкур бо борхати хароҷот маҳсулоти ширӣ (панири ҳоландӣ)-ро ба маблағи 567 ҳазору 343-сомонӣ, ки ба ӯ бовар карда супорида шуда буд, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Хуҷанд фӯрухта 41 ҳазору 67-сомониро ба хазинаи ҶДММ супорида, боқимонда маблағи 157 ҳазору 341 сомонию 58 дирамашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.