Бо корд захмӣ гардидани марди 58-сола дар заминаи ҷангу ҷанҷол
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 13-уми январи соли 2025, тахминан соати 18:40-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 58-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб карда, бо ин қонеъ нашуда, бо корд ба поёни гӯш аз тарафи чапаш зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.