Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба одамкушӣ задани марди 29-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 15 ба 16-уми декабри соли 2024, аз сабаби баҳсу муноқиша бо холааш зани 42-солаи сокини пойтахт дар хонаи истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ бо якдигар муноқиша намуда, ҷабрдидаро 3-4 маротиба бо пояш дар рӯй ва сараш зарба задааст.
Баъдан ҷабрдидаро, ки аз сару рӯй ва даҳонаш хун саршор будааст, ба ҳаммоми хонаи истиқоматиаш дароварда, сару рӯяшро шуста, либосҳои дар тан доштаи холаашро иваз намуда, дидаву дониста дар айвони сарди хонааш гузоштааст, ки марҳум аз сабаби хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

16.01.2025 9:22
61