Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронандаи скутери барқӣ зери чархи автомашинаи боркаш  

14-уми январи соли 2025, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркашони тамғаи “Шакман”, Одинаев Фаррух Ҷурабекович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилии ноҳияи Сино аз самти кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба самти кӯчаи Абай ба кӯчаи С.Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба скутери барқии бе рақами қайди давлатӣ таҳти идораи Алиев  Довуд Шарифхонович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Муъминобод, ки бо ҳамин самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, Алиед Д.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ  бардошта,  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

15.01.2025 9:17
31