Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани дуздӣ аз дохили дорухона

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 49-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми январи соли 2025, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дорухонааш, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Кӯлоб шуда, аз онҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хуавей У-16” ва 4 ҳазору 200-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 740 сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

15.01.2025 9:08
15