Бо роҳи зуроварӣ тасарруф намудани телефони мобилӣ ва либоси зимистона
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 12-уми январи соли 2025, тахминан соати 20:00, шахси номаълум дар кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар бо роҳи ошкоро ва таҳдиди истифодаи зӯроварӣ аз дасти писари ноболиғи 6-солааш 2-адад телефони мобилии гуногунтамға ва 2-адад либоси зимистонаашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.