Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии шиносномасупорӣ ба хонандагон дар шаҳри Истаравшан

Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи ВКД шаҳри Истаравшан шароити хизматрасонӣ талаботи шаҳрвандонро барои гирифтани шиноснома қонеъ мекунад. Баррасии саривақтии ҳар як муроҷиат бо тартиби қонунгузорӣ ба роҳ монда шуда кормандон кӯшиш менамоянд дар муҳлатҳои муқаррашуда шиноснома ба сохибаш дастрас шавад.
Самти дигари фаъолияти нақшавии хадамот ҷиҳати таъмини наврасони ба синни шиносномагири расида бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба хонандагон ва ташкили чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ дар мактабҳо мебошад. Агар вохӯриҳо фаҳмиши хонандагонро оид ба низоми шиносномадорӣ бештар намояд, чорабиниҳои тантанавӣ ҳавасмандии онҳоро барои саривақт ба даст овардани ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ ҷалб месозад.
Чорабинии навбатии шиносномасупории ботантанаро масъулини ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан дар МТМУ №8 ба номи Талъат Мирусмонови деҳаи Лакати минтақаи хизматӣ баргузор намуда 17 нафар навраси ба синни 16 солагӣ расидаро, ки қаблан ба хадамот оиди гирифтани шиноснома муроҷиат карда буданд бо шиноснома таъмин намуданд. 
Чорабинии мазкур бо иштироки намояндаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ҳайати шахсии ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан, роҳбарияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ доир гашт. 
Тарзи дурусти ҳифзи шиноснома ва истифодаи он, риояи реҷаи муқарраршудаи шиносномадорӣ ва дигар паҳлуҳо вобаста ба шиносномаро зимни чорабинӣ намояндаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Исмоил Давлатзода ва нозирони ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан ба хонандагон фаҳмонида, иштиркчиёни ҷамъомади тантанавиро ба интихоби тарзи ҳаёти солим, масъулиятшиносӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватан ҳидоят намуданд. 
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

14.01.2025 16:27
32