Дастгир гардидани марди 27-сола бо ҷурми одамрабоӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони содир намудани ҷинояти одамрабоӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ҳангоми бо дигар шахсони ба тафтишот номаълум, дар ҳудуди шаҳри Тюмени Федератсияи Россия қарор доштанаш моҳи августи соли 2024, тахминан соати 08:00, марди 36-солаи сокини шаҳри Конибодомро ҳангоми аз ҷойи кораш баромадан бо роҳи зӯроварӣ ба автомашина савор карда, тахминан 10 километр дуртар ба ҷангалзор бурда, дасту пояшро бо арғамчин баста, зери лату кӯб қарор дода, талаб кардаанд, ки оиди муносибати ошиқона доштанаш бо зани 32-солаи сокини ноҳияи Ашт иқрор шавад.
Баъдан сару либосашро кашида зиёда аз ду соат ӯро дар ҷангалзор нигоҳ дошта, зери лату кӯб қарор додаанд.
Нисбати гумонбаршаванда ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.