Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷиноят аст!

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, дидаю дониста, ки барои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз кишвар иҷозатномаи махсуси Хадамоти  муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надорад, ғайриқонунӣ амал карда, аз соли 2023 то соли 2024 нақшаи ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия  интиқол додан ва ба корҳои сохтмонӣ ҷалб намудани ҷавонони 23, 24, 24 ва мардони 26, 27-солаи сокинони шаҳри Конибодом дар ширкатҳои роҳсозии «ООЭкофлора», «АО Ориён плюс», «Дорожный столица» ва «Омега»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ғайриқонунӣ ба корҳои сохтмонӣ ҷалб намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо иловаи 2 қисми 2 моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

09.01.2025 10:11
25