Ошкор шудани ҳолати ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 24-сола ва марди 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 7-уми январи соли 2025, хонаи иҷоравиашон, воқеъ дар шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, ба ҷавони 20-сола ва зани 32-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намуданашон шароит муҳайё намуда, 500 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.