Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17, ҷавони 18 ва марди 28-солаи сокинони шаҳри Конибодом моҳи ноябри соли 2022 бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин, гумонбаршавандагон моҳи апрели соли 2023 бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Омад-18», ки ба марди 59-солаи сокини шаҳри Конибодом тааллуқ дорад, 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамзамон ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи зани 41-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди амборхонаи мағозааш, воқеъ дар бозори марказии шаҳри Турсунзода шуда, аз онҷо пойафзолҳои гуногун ва маводи қаннодиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ноболиғи 17-солаи сокинони ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.