Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур соҳибкори ҶДММ бозори “Кӯшониён” ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2023, марди 54-солаи сокини шаҳри Роғун бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз мағозаи масолеҳи сохтмониаш ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ гирифта, 150 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 220 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонида ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2024, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 140 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта  ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Гурҷистон автомашинаи тамғаи «Лексус 600» ва «БМВ 740»-ро дар муддати 20-шабонарӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда, ба ӯ медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

10.01.2025 9:54
53