Дастгир гардидани зани 44-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза зани 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми декабри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозааш, воқеъ дар бозори “Самоҳ”-и шаҳри Ҳисор шуда, аз онҷо 14 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.