Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва мусофири ноболиғ дар садама

6-уми январи соли 2025, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Абдуқаҳҳоров Баракатулло Иноятуллоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Норин ба самти ҷамоати деҳоти Чоргул дар ҳудуди деҳаи Чоргули ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеъаҳои рости роҳ бархӯрда, ба канали обгузари канори роҳ афтидааст. 
Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири дохили автомашинаи мазкур ноболиғ Ҷиянқулов Умедҷон Абдулваҳобович, соли таваллудаш 2009, сокини ҳамин ноҳия дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

07.01.2025 9:44
32