Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани як қатор ҳодисаҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми январи соли 2025, тахминан соати 19:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба анборхонаи манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад борхалта, ки дар дохилаш лавозимоти гуногун аз қабили 101-адад муқоваи телефони мобилӣ (чехол) ва 4-адад гӯшмонакҳои телефони мобилӣ (наушник) буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 11 ҳазору 480-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 237 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст. 
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 58-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2024, тахминан соати 18:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои хонаи истиқоматиаш 1-адад мототсиклашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкуро марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини  шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 7-уми декабри соли 2024, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар бозори марказии шаҳри Панҷакент, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ аз мағозаи фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ бо номи «Зара Голд», ки ба марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, бо роҳи пинҳонӣ 1-адад гарданбанди тиллоӣ, ки арзишаш 9 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

07.01.2025 9:43
26