Дастгир гардидани ҷавони 22-сола бо ҷурми авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда 5-уми январи соли 2025, тахминан соати 22:40-дақиқа, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо модараш зани 49-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати камар ва қафаси сина аз тарафи рост зарба зада ва баъдан бо корд 4 маротибаи дигар бобояш пирамарди 80-солаи сокини ҳамон ҷойро дар қисмати тахтапӯшташ аз тарафи рост зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдидагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.