Муайян шудани ҳолатҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми декабри соли 2024, марди 35-солаи сокини ноҳияи Фархор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад манзили истиқоматӣ бо арзиши 1 миллиону 628 ҳазор сомонӣ ва як адад автомашинаи тамғаи «Нисан Патрул»-ро бо арзиши 30 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ба шахсони алоҳида ба фурӯш бароварда, маблағи аз ҳисоби он ба даст омадаро ба манфиати худ сарф карда, ба ҷабрдида 452 ҳазору 800 сомонӣ пардохт намуда, боқимонда маблағи 1 миллиону 508 ҳазору 650 сомониро бо ҳар баҳона пардохт накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.