Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани 38-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 1-уми январи соли 2025, тахминан соати 22:00 ба хонаи истиқоматии зании 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд омада гӯё ба духтарбачаи ноболиғи 14-солааш барои истеъмол  намудани моддаҳои сахттаъсири (лирика) баҳс  намуда, сипас гумонбаршаванда бо роҳи таъмаҷӯӣ барои ифшо накардани маълумоти беобрукунандаи фарзандаш аз ҷабрдида 10 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
2-юми январи соли 2025  гумонбаршаванда ба ҳуҷраи истиқоматии ҷабрдида ҳозир гашта, ҳангоми гирифтани маблағи 700 доллари амрикоӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

06.01.2025 9:54
126