Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бояд риоя шаванд!

Таваққуфи нодуруст, ки мушкилии тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳоро ба вуҷуд меорад, ҳанӯз ҳам чун масъалаи ташвишовар яке аз самтҳои фаъолияти бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд қарор гирифтааст. 
Ҳамарӯза ба хотири пешгирӣ аз чунин қоидавайронкуниҳо нозирони роҳ корбарӣ менамоянд. Зеро бе ин ҳам, зиёд шудани воситаҳои нақлиёт то андозае ҳаракати озодонаи нақлиётро мушкил карда бошад, қоидавайронкуниҳое ба мисли дар қатори дуюму сеюми самти ҳаракат таваққуфи воситаи нақлиёт, риоя накардани қоидаҳои ҷойивазкунӣ, ноогоҳона иваз намудани самти ҳаракат, беинтизомона дар ҷойҳои номуқаррар анҷом додани буришу гардишҳо омилҳои заминагузоранда ба тамбашавӣ мебошанд.
Ҷиҳати пешгирӣ аз тамбашавӣ дар ҷодаҳои нақлиётгарди шаҳри Хуҷанд нисбати ронандагони қоидаситез чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. 
Тартиб додани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва тавассути ВАО инъикос намудани кирдори қоидавайронкунанда аз ҷумлаи он мебошад.
Ин навбат дар ҷараёни роҳандозии корҳои назоратию санҷишӣ масъулини БДА дар вилояти Суғд таваққуфи нодуруст аз ҷониби ронандагони зеринро ба қайд гирифт. Аз ҷумла: 
-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тақота-Камри», рақами қайди давлатиаш 177ВА/02, Солибоев Боймуҳаммад Султоналиевич;
-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хонда Серви», рақами қайди давлатиаш 2220 OR/02, Ҷурабоев Муҳаммадҷон Файзуллобоевич;
-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус RX 330», рақами қайди давлатиаш 0007 JX/02, - Қузихонов Ойбек Марипович;
-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Зафира», рақами қайди давлатиаш 30-37 МЕ/02, Юнусов Салимҷон Наимҷонович барои дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар қатори дуюм таваққуф кардан ва ба вуҷуд овардани ҳолати тамбашавӣ нисбаташон маводи маъмурӣ бо дастрасии талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ба ҳамин монанд дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд;
-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Сантафе», рақами қайди давлатиаш 02-02 QA/20, Каримов Музаффар Абдушарипович;
-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес -Бенс», рақами қайди давлатиаш 38-38АО/02, Ҳасанов Акмал Алиевич;
-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 0004DE/02, Норматов Назирҷон Нозимҷонович;
-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ»,  рақами қайди давлатиаш 9999 СJ/10, Аслонов Мусоҷон Абдуҷабборович;
-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 6574 НР/02 Бобоев Ҷамшед Мирмаҳмадович воситаи нақлиёташонро дар қатори дуюми самти ҳаракат гузошта, ҳолати халалдорсозандаро дар кӯчаи мазкур ба вуҷуд овардаанд. 
Номбурдагон низ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд.
Ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «КИА», рақами  қайди давлатиаш 01-00 АО/02, Илмаминов Шуҳратҷон Абдувалиевич барои дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар зери аломати роҳ таваққуф намудан бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шуд.
Ба таъкиди кормандони БДА риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пеш аз ҳама ба таъмин гаштани бехатарии иштирокчиёни ҳаракат мусоидат намуда, дар баробари ҳаракати озодонаи воситаи нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракт таъмину ҷорӣ будани тартиботи ҷамъиятиро нишон медиҳад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

04.01.2025 9:28
69