Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони қаблан судшуда бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 19:40-дақиқа, шахсони номаълум ҳангоми дар назди хонаи истиқоматиашон қарор доштанаш аз дасти фарзанди ноболиғаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми 11 про”-ро бо роҳи ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 237, 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

04.01.2025 9:14
34