Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамаъҷӯӣ ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 41-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 2-юми январи соли 2025, тахминан соати 16:55-дақиқа, ҳангоми дар маркази шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш зани 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои паҳн намудани аксҳои урён аз ҷабрдида 7 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршаванда баъди гирифтани маблағи пулии 7 ҳазор сомонӣ аз хоҳари ҷабрдида зани 39-солаи сокини шаҳри Ваҳдат дар назди муҷассамаи “Модар”-и шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

04.01.2025 9:10
174