Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар натиҷаи садама бо асп ронанда ба ҳалокат расид

2-юми январи соли 2025, тахминан соати 02:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Караван”, Қиёмзода Маҳфузуллоҳ Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат ба тарафи ноҳияи Рашт дар 150 километри шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, як сар аспро пахш кардааст.
Дар натиҷа, асп ба қисмати пеши дохили салон ва қисмати болои воситаи нақлиёт бархӯрда, ронанда Қиёмзода М.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

03.01.2025 10:03
41