Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 28-сола бо ҷурми дуздӣ  

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини  шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда шаби 5 ба 6-уми декабри соли 2024, тахминан соати 02:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Қурбонови шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи ширкати букмекерии “Формула-55” аз дохили сейфи оҳанин, ки ба марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

03.01.2025 10:02
23