Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 19-сола барои одамкушӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 1-уми январи соли 2025, тахминан соати 22:00 дар хонаи истиқоматиашон бо модарандараш зани 40-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу чанҷол намуда, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳим ва қафаси синаи ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

03.01.2025 10:00
35