Вокуниш ба гузориши «Радиои озодӣ»
Вокуниш ба гузориши «Радиои озодӣ»
Шаҳрванд Нусрат Ғуломов, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба бедарак гум шудани духтари 20 солааш Ғуломова Муҳиба ба ВКД муроҷиат карда буд.
Пас аз муроҷиати шаҳрванд Ғуломов Н. дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Вазорати корҳои дохилӣ духтари Ғуломовро пас аз 65 рӯзи бедарак гаштанаш пайдо намуда, дар ҳузури волидонаш аз ӯ баёнот гирифтанд.
Дар гузориши таҳиянамудаи «Радиои озодӣ» шаҳрванд Ғуломова М. қайд менамояд, ки гӯё кормандони Раёсати амнияти дохилии ВКД ҳангоми гирифтани баёнот нисбат ба ӯ дағалгуфторӣ ва шиканҷаро раво дида бошанд. Аммо чуноне дар боло зикр гашт, ҳангоми пайдо кардан ва дастрас кардани ӯ ба ВКД падару модараш низ даъват шуда, кормандони милитсия дар ҳузури волидонаш баёнот гирифтаанд.
Аз рӯи нишондоди шаҳрванд Нусрат Ғуломов духтари ӯ вақтҳои охир аз ҷиҳати равонӣ носолим буда, ин маротибаи аввал нест, ки ӯ бедарак гардидааст. Қаблан низ Ғуломова М. 10 шабонарӯз бедарак гардида, аз тарафи кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ пайдо гардида буд.
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон