Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 47-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҳамчун саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Норак-3», аввалҳои моҳи сентябри соли 2024 бо мақсади азонихудкунии қубурҳои куҳнаи чоҳи амудии №84-и Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Зафаробод ва ба даст овардани фоидаи муфт, 78-метр қубурҳои амудиро, ки диаметрашон 32 мм буда, моликияти давлат ҳисоб меёфт ва ҳуқуқи бегона кардани онҳоро надошт, аз зери замин канда гирифта, 39 метри онро ба марди 31-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бар ивази музди кораш ва 39-метри дигарашро ба охирон супориш медиҳад, ки бар ивазаш ба ӯ қубурӣ нав харидорӣ карда оварда диҳад. 
Гумонбаршаванда бо ин кирдораш ба манфиати давлат ба маблағи 37 ҳазору 50 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.01.2025 10:13
26