Ошкор шудани ду ҳолати ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 21-уми декабри соли 2024, тахминан соати 22:50-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдид бо корд аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Текио”, арзишаш 400 сомонӣ ва 600 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии се рафиқаш содир намудааст.
Барои муайян ва дастгир кардани шарикони ҷинояткор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми январи соли 2025, тахминан соати 00:50-дақиқа, бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз марди 31-солаи сокини пойтахт як адад велосипеди тамғаи “КАМА”-ро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.