Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишгарони ВКД дар соли 2024

Санаи 30 декабри соли 2024 дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои самти варзиши ВКД доир гардид.
Ин маросим дар асоси «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» баргузор гардид.
Дар оғоз, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории мусобиқаи варзишии байни дастаҳои сохторҳои кишвар, иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва Соли нави мелодии 2025 таҳният гуфта барояшон саломативу сарбаландӣ ва комёбӣ дар касбу фаъолият таманно намуд.
- Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ бешубҳа ба ҳавасмандгардонии варзишгарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки аъзои Шурои ҷумҳуриявии «Динамо» ҳисоб меёбанд, равона карда шуда, боварӣ дорем, дар тарғиби варзишу интихоби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии кормандон мусоидат хоҳад намуд, афзуд баромадкунанда.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар таҳти сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш дар кишвари азизамон диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Бунёду ба истифода додани толору майдончаҳои бешумори варзишӣ дар саросари кишвар ва дар ин замина, беҳтар гардидани имконият барои машқи бадан ва тамринҳо имкон фароҳам овард, ки варзишгарон аз шароитҳои замонавии соҳа баҳравар шаванд.
Варзишгарони кишвар имрӯзҳо ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд, ҳар як дастоварди варзишгари мо, ин дастоварди Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
Варзиш дар ҷомеа баҳри такмилу обутоби пайвастаи ҷисмонӣ ва солимии инсон мусоидат намуда, хусусияти оммавӣ пайдо кардани он ба пешгирии ҷинояткорию беҳудагардӣ мусоидат намуда, дар тарғиби дӯстию бародарӣ ва аз ҳама асос, сулҳу субот саҳми беандоза дорад.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ баҳри машғул гаштани ҳайати шахсӣ ба варзиш имрӯзҳо шароитҳои мусоиди варзишӣ муҳайё карда шуда, минбаъд низ барои ҳамқадами замон будан, ноил гардидан ба дастовардҳои варзишӣ ва солимии ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Аз ҷониби Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар соли 2024 - 52 чорабинии варзишӣ, аз инҳо 1 мусобиқаи кушод, спартакиада иборат аз 5 намуди варзиш байни кӯдакону наврасон, бонувон, ҷавонон собиқадорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ, 3 мусобиқаи байналмилалӣ, 7 мусобиқаи идоравию сатҳи ҷумҳуриявӣ, 37 мусобиқаи идоравию сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ, 3 семинар-машварт ва 180 бозии рафиқона аз намуди футбол дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар давоми соли ҷорӣ дастпарварон ва аъзои дастаи «Динамо» дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумуҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, аз ҷумла дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 44 медали тилло, 12 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ ноил гардиданд.
Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ бошад, 186 медали тилло, 123 медали нуқра ва 93 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Шурои ҷумҳуриявии «Динамо» барои омода намудани варзишгарон, алахусус варзишгарони касбӣ аз тамоми имконияту шароитҳои мусоид истифода бурда, боварӣ карда мешавад, ки дар оянда низ сафи варзишгарони қобилиятнок дар мақомоти корҳои дохилӣ ва намудҳои нави варзиш бештар мешаванд.
Ба андешаи муовини Вазир, кори масъулиятнок ва пурхатари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз онҳо тақозо менамояд, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандон, ҳимояи моликияти хусусию давлатӣ дар ҳама ҳолат бояд доим ҷисман ва рӯҳан омода бошанд. Аз ин рӯ, аҳамияти варзиш ва омодагии ҷисмонии ҳайати шахсӣ бе баҳс муҳим буда, дар ин ҷода, ба ҳамагон кӯшишу ҳаракат, саломатии бардавому чусту чолокӣ зарур аст!
- Ҳамакнун вақте расид, ки он варзишгарону дастаҳои варзишие, ки дар давоми сол ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, обрӯю эътибори Вазорати корҳои дохилиро дар ҷумҳурӣ баланд бардоштанд ва дар рушду пешрафти варзиш ва омодагии ҷисмонии ҳайати шахсӣ саҳмгузор буданд, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ шаванд. Бигзор, варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ қуллаҳои баланди варзиширо фатҳ намуда, парчамбардори Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ гарданд, - афзуд муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо.
Сипас, маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои самти варзиши ВКД дар соли 2024 баргузор гардид. Ҳамин тариқ, "Беҳтарин варзишгари сол" - лейтенанти калони милитсия Сомон Маҳмадбеков дониста шуд. Беҳтарин дар намуди бокс - лейтенанти калони милитсия Миҷгона Самадова, беҳтарин дар намуди гӯштини самбо - лейтенанти калони милитсия Бобоҷон Қурбонзода, беҳтарин дар намуди ҷудо - Лоиқ Қутбиддинов ва миёни собиқадорон генерал-майори мустаъфӣ Ҳабибулло Маҷидов, полковники мустаъфӣ Хайрулло Назриев ва майори милитсия Хуршед Норов дониста шуд. 
Футболбози беҳтарин - подполковники милитсия Умар Раҳимов, довари беҳтарин - майори хизмати дохилӣ Сафаралӣ Маҳмадизода, мураббии беҳтарин аз намуди гӯштини ҷудо - Иззат Худоиев ва мураббии беҳтарин аз намуди кикбоксинг Умар Одинаев, беҳтарин дар самти вазнабардорӣ - Асомиддин Сангов, беҳтарин даста аз намуди волейбол - дастаи бонувон"Беҳтарин варзишгарони сол оид ба намуди шиноварӣ" Захар Пилкевич дониста шуданд.
Дар ин маросим, беҳтарин толори варзишӣ - толори Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД ва беҳтарин Маҷмааи варзишӣ «Деҳқонбача» баҳогузорӣ гардид.
Беҳтаринҳо миёни варзишгарони ғайрикасбӣ: Тенниси рӯи миз миёни мардон - Исмоилзода Сайфуддин, беҳтарин мураббӣ аз намуди таэквондо ВТ - Рамазон Ғиёсов, беҳтарин варзишгар аз намуди таэквондо ВТ - Субҳон Раҷабов, гӯштини ҷудо - капитани милитсия Диловар Ҳалимов, гӯштини самбо - сарбози қаторӣ Мизробзода Анушервон, варзишгари беҳтарин аз намуди варзиши сабук - сарбози қаторӣ Хуҷанбердиев Маснав, беҳтарин варзишгар аз намуди гӯштини миллӣ - подполковники милитсия Давруков Камол, мураббии беҳтарин аз намуди карате Каёкшинкай - Раҳмонзода Сайдаҳмад, варзишгари беҳтарин аз намуди карате Каёкшинкай - Назаров Абдулло, варзишгари беҳтарин оид ба намуди кикбоксинг - Идрис Файзиев, варзишгари беҳтарин аз намуди шоҳмот - Муҳаммад Юнусов, беҳтарин дар намуди варзиши касбӣ-оташнишонӣ - полковники хизмати дохилӣ Саидбек Аминов, беҳтарин мураббӣ оид ба тирпаронӣ - подполковники милитсия Шарофиддинзода Ҳукмиддин ва беҳтарин аз намуди варзишӣ даставӣ миёни мардон дастаи волейболбозони Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дониста шуданд.
Гуфта шуд, ки дар маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои самти варзиши ВКД, дар маҷмуъ 37 нафар варзишгароне, ки давоми соли 2024 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва комиссияи ваколатдор муайяну қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо Сипосномаю Ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ

31.12.2024 15:31
183