Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ғолибони Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат»

30 декабри соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар арафаи Соли нави мелодӣ бо ширкаткунандагон ва ғолибони Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ва «Илм фурӯғи маърифат»  вохӯрӣ доир намуд.
Мавсуф ширкаткунандагон ва ғолибонро барои омодагии ҷиддӣ дидан ва дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату донишашон дар Озмунҳои болозикр аҳсану офарин гуфта, ба онҳо барору комёбиҳои нав таманно намуд. Ҳамзамон, Вазири корҳои дохилӣ ширкатгунандагонро бо фарорасии соли нави 2025 табрик намуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ширкаткунандагон ва ғолибон бо сайқал додани донишу малакаи худ дар рушду нумуи ватани маҳбубамон саҳми босазо мегузоранд.

30.12.2024 16:27
111