Сӯхтор дар бозори ноҳияи Ҷайҳун
1-уми июли соли 2024, соати 22:47-дақиқа дар бозори Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷайҳун сӯхтор ба амал омадааст. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор растаҳо ва нуқтаҳои савдоро дар масоҳати 2830 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба миён омадааст.
Сабаби ҳодисаи сӯхтор аз хулосаи санчиши пешакӣ аз расиши ноқилҳои барқӣ буда, зарари расонидашуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад.
Дар натиҷаи ҳодисаи мазкур зарари ҷисмонӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.